Covid-19: Шумори мубталоён ба 41 миллиону 500 ҳазору 885 нафар расид. Сарони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамоиши фаврӣ гирди ҳам меоянд
Чоп шуд: 22/10/2020 | admin
То субҳи 22 октябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба Covid-19 дар олам ба 41 миллиону 500 ҳазору 885 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта 129 ҳазору 304 нафар ба ин вирус сироят шуданд. 1 миллиону 136 ҳазору 530 нафар мубталоён ҷони худро аз даст доданд. Шабонарӯзи гузашта бар асари ин беморӣ 2 791 нафар фавтиданд. Шумори пурраи шифоёфтагон дар олам 30 миллиону 918 ҳазору 824 нафар эълон шудааст.





