Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам аз 41 миллион гузашт. Танҳо шабонарӯзи гузашта 131 ҳазору 834 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз ин вируси марговар то кунун 1 миллиону 130 ҳазору 230 нафар фавтиданд. Дар саросари олам 30 миллиону 650 ҳазору 037 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 41 ҳодисаи сирояти нав ба КОВИД-19 дар кишвар хабар дод ва эълон кард, ки то кунун дар Тоҷикистон 10574 ба ин вирус сироят шуда, 9617 (90,9%) нафари онҳо муолиҷа шудаанд. Шумори фавтидагон аз коронавирус 80 нафар аст.
ИМА, Ҳиндустон, Фаронса, Бразилия, Британияи Кабир, Русия, Аргентина, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Нидерландия шомили даҳгонаи кишварҳое шуданд, ки аз ҳама бештар мубталдоён ба коронавирус доранд.
Дар Фаронса шумори беморони гирифтори Covid-19, ки дар хаймаҳо муолиҷа мешаванд, аз моҳи май ба ҳадди рекордӣ расид.
Дар Ҷумҳурии Чех аз аввали моҳи октябри соли равон аз коронавирус назар ба ҳашт моҳи пеш одамон бештар фавтиданд. Ба ҳисоби сироятёфтагон ба ҳар 100 ҳазор нафар ин кишвар дар Аврупо дар ҷойи аввал аст.
“Мавҷи дуюмӣ ҳамагирӣ дар Белгияро метавон сунамӣ (обларзиш) номид”, - гуфт вазири тандурустии ин кишвар Франк Ванденбрюкке. Аз 9 то 16 октябри соли равон сатҳи сироят дар Белгия назар ба ҳафтаи пеш аз он 79% бештар буд.
Дар давоми се ҳафтаи охир шумораи ҳодисаҳои нави коронавирус дар Британияи Кабир, ки ҳар рӯз ошкор мешавад, аз 4 ҳазор то ба 16 ҳазор афзоиш ёфт. Беморхонаҳои саҳроии "Найтингейл”, ки дар фасли баҳор фаъолият мекарданд ва баъдан баста шуда буданд, дубора фаъол карда шуданд.
Рӯзи гузашта дар Испания 13.873 сирояти навъи нави коронавирус ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Испания барои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нав масъалаи ҷорӣ кардани қуюди шабградиро баррасӣ мекунанд.
Барои пешгирӣ аз афзоиши сирояти коронавирус ҳукумати Словения рӯзи 20 октябр баргузории чорабиниҳои оммавиро дар ҷойҳое, ки имкони риояи фосилаи шашметрӣ вуҷуд надорад, маҳдуд кард.
Италия аз марги 36 705 нафар аз коронавирус хабар дод.
Шабонарӯзи гузашта дар 84 минтақаи Русия 16 319 ҳодисаи нав сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки 28,6% мубталоён аломатҳои сироят ба коронавирус надоштанд.
Чун рӯзҳои пеш дар вилоятҳои Москав (4999, аз рӯзе пеш 377 нафар бештар), Санкт-Петербург (695), Подмосковйе (426), Нижегород (366) ва Ростов (353), кишвари Олтой (305), Вилояти мухтори Ямало-Ненетс (288), кишвари Краснояр (265) ва вилояти Свердлов шумори бештари мубталоён ба коронавирус сабт шуданд.
Да Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 115 ҳодисаи нави мубталоӣ ба коронавирус сабт шуд.