Тамринҳои тактикӣ дар Хайробод. Канали Кадучӣ тоза ва пуле дар ин минтақа мустаҳкам карда шуд

20 октябри соли 2020, тибқи Нақшаи Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди деҳаи Хайрободи ҷамоати деҳоти шаҳраки Турсунзода, кормандони Кумита машқҳои тактикӣ ва махсуси мудофиаи гражданй гузарониданд.

Дар ҷараёни машқ, бо истифода аз 4 адад мошинҳои боркаш, 1 адад экскаватор ва бо иштироки аҳолии маҳаллӣ канали дарёи Кадучӣ дар масофаи 60 метр тоза карда шуд, илова бар ин, бо  истифода аз регу шағали ҷамъшуда пули роҳи автомобилгарди маҳаллӣ мустаҳкам карда шуд.

барчасп: