То субҳи 22 октябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба Covid-19 дар олам ба 41 миллиону 500 ҳазору 885 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта 129 ҳазору 304 нафар ба ин вирус сироят шуданд. 1 миллиону 136 ҳазору 530 нафар мубталоён ҷони худро аз даст доданд. Шабонарӯзи гузашта бар асари ин беморӣ 2 791 нафар фавтиданд. Шумори пурраи шифоёфтагон дар олам 30 миллиону 918 ҳазору 824 нафар эълон шудааст.
Шоми гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар кишварро 10613 нафар гуфт. Дар ин хабар омадааст, ки дар як шабонарӯз 39 сироятшудаи нав сабт шуда, шумори муолиҷашудагон ба 9668 (91,1%) расидааст. То кунун аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 80 нафар ҷон бохтаанд.
Ирландия дуюмин кишвар аз миёни ҳамаи давлатҳои аврупоист, ки дубора даст ба шадидтарин маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз сироят ба коронавирус зад. Аз нимишабии гузашта ин маҳдудиятҳо ба иҷро гузошта шуданд, ки қарор аст шаш ҳафта идома кунанд. Ба ҷуз мағозаву дуконҳои ғизоӣ аксари фурӯшгоҳҳо баста мешаванд. Ба одамон тавсия дода шудааст, ки ин муддати дар хона бимонанд, аз хона танҳо барои рафтан ба маҳалли кор ва ё машқи ҷисмонӣ иҷозат дода шудааст. Қабули меҳмонон қатъиян манъ аст.
Ҷумҳурии Чех низ аз рӯзи панҷшанбе маҳдудиятҳои шадидтаре эълон кард. Дар ин кишвар низ кулли мағозаҳо, ба ғайр аз мағозаву дуконҳои хӯрокворӣ баста мешаванд. Одамон танҳо барои зарурат ва рафтан ба маҳалли кор иҷозати баромадан аз хона доранд.
Бразилия қасд дорад аввалин давлате дар олам бошад, ки эмкунии саросарии аҳолиро бо истифода аз воксани тавлиди Чин гузаронад.
Иттиҳоди Аврупо қасд дорад Канада, Тунис, Сингапур ва Гурҷистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кунад, ки шаҳрвандонашон дар давраи пандемияи коронавирус ҳақи вуруд ба мамолики ин иттиҳод надоранд.
Сарони кишварҳои ва ҳукуматҳои Иттиҳоди Аврупо барои баррасии вазъи густариши коронавирус дар қаламрави ин иттиҳод дар як ҳамоиши фаврӣ ҷамъ меоянд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 15 700 сироятшудаи нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки 25,9 % онҳо аломатҳои коронавирус надоштанд.
Дар Қазоқистон 141 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шуда, шумори умумии сироятёфтагон дар кишвар ба 109 907 нафар расидааст.
Дар Қирғизистон дар як шабонарӯз 549 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Аз моҳи март то ба имрӯз ба ин беморӣ 46 444 нафар сокинони ин кишвар мубтало шудаанд ва 1 118 нафар фавтидаанд.