Иттилои изтиробангези Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Штамми ҳиндии коронавирус дар 49 кишвар дида шуд
Чоп шуд: 14/05/2021 | admin
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки зарфи як ҳафтаи охир штамми ҳиндуии коронавирус тавонист вориди 49 кишвари дигари олам шавад. Шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар кулли кишварҳо аз 160 миллион гузашт.
Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 17 419 мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирфита шуд ва дар ин муддат 278 нафра ҷони худро аз даст доданд. Маврид ба ёдоварист, ки пештар дар як шабонарӯз дар Олмон 14 909 сироятшудаи навро ба қайд гирифта буданд.





