Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Вахш

Дар бораи селбориши рӯзи 11-уми мйи соли равон ва харобкориҳои он дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон муфассал хабар дода будем. Дар хабарҳо омада буд, ки сел дар ҷамоатҳои деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Ваҳдат ва Машъали ноҳияи Вахш низ зарар расонд ва дар натиҷа як нафар ҷони худро аз даст дод.

Барои расонидани ёрии саривақтӣ ва бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани вазъ рӯзи 13-уми май дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбари ҷонишини Сарвазири кишвар Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода доир гардид. Дар ҷаласа ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник С.Исозода ширкат дошт.

Дар ҷаласа ҷонишини Сарвазири мамлакат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар кори бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ техника ва қувваи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии он ҷалб шудаанд.

Шаҳраки хайманишинон сохта шудааст. Зарардидагон аз ин офати табиӣ  бо хӯроки гарм ва ёриҳои тиббӣ таъминанд.

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд. 

барчасп: