14 майи соли 2021 бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани амалҳои муассири муштарак барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ рух доданд, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (REACT) баргузор шуд.
Ин ҷаласа бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи сайёр дар Ситод таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу, бо ширкати Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва 34 намояндаи як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баргузор гардид.
Раиси КҲФ Рустам Назарзода дар расми ифтитоҳи ҷаласа дар бораи сели рӯзҳои охир ва харобкориҳову талафотҳои ҷонии он, ҳамчунин хисороту расида аз он, оғози корҳои бартарафсозии паёмадҳои он ҳам аз ҷониби КҲФ ва ҳам аз тариқи ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ, дигар сохторҳои давлатӣ ва ҳам шарикон аз гурӯҳи байналмилалии РЕАКТ маълумот дод. Вай зикр намуд, ки танҳо бо иқдомоти ҳамоҳанг ва якҷоя ёрии самаровару муфид расонидан ба касоне, ки дар ин офатҳо зарар дидаанд, имконпазир аст.
Роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ба омодагиҳои худ барои раоснидани ҳар кумаки мумкин таъкид намуданд.