Муҳокимаи парламонӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24-уми ноябри соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ роҷеъ ба мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҷашни Парчам бо ширкатиСадриддини Наҷмиддин

Сарбозону афсарони яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Парчами миллӣ бо маъруфтарин овозхони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷимиддин мулоқоти фаромӯшношуданӣ доштанд.

Ташкили барномаҳои адабиву мусиқӣ дар қисмҳои ҳарбии

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳои ҳавои чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон  аз 26 то 27-уми ноябри соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла  борони гузаранда ба барфи тар дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ, шиддати бод, ки дар як сония аз 13 то 18 метр мевазад, дар назар дошта шудааст.

Таҳлили ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар зарфи нуҳ моҳи соли 2017

Зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 528 маврид корҳои садамавӣ ва наҷотро анҷом дода, ҷони 186 нафарро аз хатар раҳониданд. Дар ин нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 160 нафар бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар ба ҳалокат расидаанд. Таҳлили фарогири инкишофи зуҳуроти фалокатбори табиӣ дар

Риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ сабаби марги ҳудудан даҳ нафар дар конҳои кишвар гардидааст

Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Тоҷикистон дар соли 2017 тибқи нақша 552 санҷиши пешгирикунанда гузаронидааст ва аз камбудиҳои ифшошуда 2025 пешниҳод ба роҳбарони дахлдори корхонаҳо ирсол кардааст.

То ин шабу рӯз аз ин миқдор аз тарафи роҳбарияти корхонаҳо 1910 пешниҳодро иҷро кардаанд. 

Страницы