Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни КҲФ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ҳамчунин омӯзиши анборкунӣ, хизматрасонии техникӣ, назорат, ҳисобу китоб ва таҳвили захираҳо ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандоне, ки дар самти таъминоти ғизоӣ, моддӣ-техникӣ ва нақлиётӣ фаъолият мекунанд, оғоз шуд.
Машқҳо аз ҷониби мутахассисони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Ҳадафи машқҳо баланд бардоштани касбияти кормандони КҲФ дар ҳуҷҷатикунонӣ, ҳифзи боэҳтиёт ва назорати амвол, ҳисоби дақиқи молҳо дар анборҳо, ба мақомоти марбута пешниҳод кардани маълумот дар бораи ба охир расидани захираҳо мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни машқҳо масъалаҳои алоқаманд ба амалиётҳо оид ба интиқоли борҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ дар дохили анборҳо, ҳамчунин дастӣ кашидани бор ва бардоштани он мавриди омӯзиш қарор мегиранд.