Баҳси терроризм ва эстремизм дар мулоқот бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ
Чоп шуд: 05/03/2018 | adminКормандони масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки муддате меҳмони ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буданд, аз зуҳуроти манфуре чун терроризм ва экстремизм суҳбат ба миён оварданд ва гуфтанд, ки ин падидаҳо ба амнияти кишвари мо мустақиман таҳдид мекунанд.