Activities calendar

09 марти 2018

Оғози давраи омӯзишии дигар оид ба такмили ихтисоси анборкунӣ

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни КҲФ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ҳамчунин омӯзиши  анборкунӣ, хизматрасонии техникӣ, назорат, ҳисобу китоб ва таҳвили  захираҳо ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандоне, ки дар самти таъминоти ғизоӣ, моддӣ-техникӣ ва нақлиётӣ фаъолият мекунанд, оғоз шуд.

Анҷоми як давраи омӯзишӣ барои мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба таҳкими робитаҳо бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх таъкид кард. Рустам Назарзода, ки дар маросими эътои шаҳодатномаҳои хатми як давраи омӯзишӣ барои мутахассисони КҲФ суханронӣ мекард, ин омӯзишҳоро муфид ва пурмӯҳтаво хонд.