Сел меояд. Чӣ бояд кард? Тавсияҳои КҲФ ба аҳолӣ
Чоп шуд: 12/03/2018 | adminАввали баҳор аст ва маъмулан рӯзҳои боронӣ зиёданд. Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд. Ва сел ҳам чун ҳамаи офатҳои табиӣ ногаҳонӣ меояд, пас одамон ҳамеша бояд омода бошанд.