Тарма сабабгори масдуд шудани роҳ дар километри 72-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ шуд. Болоравии сатҳи оби рӯдхона муддате ҳаракат дар роҳи Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистонро ҳам қатъ кард. Ҳоло ҳаракати мошинҳо дар ин минтақаҳо аз сар гирифта шудааст, аммо хатари лағзиши тарма, омадани селу ярч бартараф нашудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Боронҳои шадид ва резиши барф, ки 10-уми марти соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон огоҳ карда буд, лағзиши тарма ва омадани селро ба дунбол дошт.
Чунончӣ, дар 72-умин километри роҳи мошингарди Душанбе – Айнӣ резиши барф сабабгори лағзиши тарма шуд. Бино ба гузориши мутахассисони КҲФ баландии ин ғарами азими барф беш аз 6 метр ва дарозии он ҳудудан 50 метр буд.
Барои бартарафсозии он ва тоза кардани роҳ дар ин қитъа наҷотдиҳандагони хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» бо 4 техникаи барфрӯбӣ ва роҳтозакунӣ сафарбар шуданд.
Бо талошҳои якҷоя то соати 20:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ роҳ пурра аз барф тоза шуд ва мошинҳо аз ду тараф дубора ба ҳаракат даромаданд. Барои таъмини амнияту бехатарии роҳҳо кормандони хадамоти наҷоти КҲФ навбатдории шабонарӯзиро дар километрҳои 62 ва 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ташкил кардаанд.
Бориши шадиди борон муҷиби болоравии сатҳи оби дарё, ҳаракати хок дар деҳаи Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод шуд. Мавҷи азими об ифлосиҳои канори рӯдхона ва сангҳоро дар 196 километраи роҳи мошингради Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон ба соҳил партов кард. Дар натиҷа роҳ масдуд шуд, ҳаракати мошинҳо қатъ гардид.
Кормандони Ситоди КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт якҷо бо кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти кишвар бо истифода аз техника роҳро тоза карданд ва соати 06:35 дақиқаи рӯзи 11-уми март роҳ барои ҳаракати мошинҳо аз ду тараф боз шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавои номусоид, боронҳои шадид, барф ва бодҳои тӯфонӣ то 13-уми март идома хоҳанд кард. Дар ин рӯзҳо боз ҳам болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел, лағзиши тармаву ярч дар манотиқи гуногуни кишвар аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунанд ҳангоми сафар аз минтақа ба минтақаи дигар эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд!