Зарфи ду рӯзи сипаришуда дар ҳама воҳидҳои низомӣ, Раёсатҳо ва шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои низофату покӣ ба истиқболи Наврӯзи дилафрӯз баргузор шуданд. Кормандон пайи ободиву тозагӣ шуданд, бехи дарахтонро нарм карданд, дар баъзе ҷойҳо гулҳои аввалбаҳорӣ шинонданд. Дафтарҳои кориро рӯбучину тоза намуданд.
Як суннати наврӯзӣ ҳамин тозагист, чун баҳор ин худ тозакор аст ва дӯст дорад, ки ба хонаи тоза, маҳалли пок қадам ранҷа дорад.
Наврӯз сабзиву шукуфоист, аз ин рӯ одамон ба истиқболи он гул мешинонанд, то рӯйи Наврӯз гуливу диданӣ ва сабзу тар бошад. Наврӯзи сабз истиқболи сабз мехоҳад. Сабза рамзи баҳор аст, гул нишони баҳору Наврӯз аст.
Аз ҷумла, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуд ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз рӯзи тозагиву низофат гузарониданд.
Онҳо бо белу каланд қаламрави худро тоза карданд, ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳо пок намуданд, то об бемалол ҷорӣ шавад.
Ин гуна чорабиниҳо дар дигар Раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои низомии Кумита низ баргузор шуданд.