Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муоҳадаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ба имзо расид. Ин аввалин созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда аст.
9 – уми марти соли 2018 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ва гуфтушунидҳо бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки яке аз онҳо Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда буд.
Созишнома ҳамкориҳои зиёди ду кишвар дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, ҳамчунин масъалаҳои расонидани кумак ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.