Зарфи ду рӯзи даҳаи дуюми моҳи март дар кишвар ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст дар кӯҳҳо барфи тар ва дар водиҳо боронҳои селосо меборанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 11 то 13-уми марти соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар аст. Боронҳои селосо дар водиҳо ва барфи шадиду тар дар минтақаҳои куҳии кишвар дар баландиҳои беш аз 2000 метр (ғайр аз қаламрави ВМКБ) вазъро печида мекунанд.
Таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо боқӣ мемонад, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ бошад лағзиши тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, воситаи нақлиётии худро қабл аз сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи хафноки кӯҳӣ, корҳои саҳро, омода намудани ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ ба нияти шикор худдорӣ варзанд.
Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо аз зери хатҳои интиқоли барқ, дарахтон, пояҳои реклом ва дигар иншоотҳои хатарнок нагузаред.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаркати мошинро аз меъёр зиёд боло набаранд. Ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.