Таваҷҷуҳ: Гармои шадид!

Аз 16 то 18-уми июн ҳавои беш аз 40 дараҷа гарм метавонад барфу пиряхҳоро об кунад ва дар манотиқи ҷудогона муҷиби омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 16 то 18-уми июни соли 2017 ҳавои ҷумҳурӣ гарм ва хушк боқӣ мемонад.

Кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи ноҳияи Лахш тавзеҳ шуданд

Гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш миёни аҳолии аз сел, ярч ва заминҷунбии моҳии апрел ва май зарардида маводҳои сохтмонӣ, ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хаймаҳо тақсим кард.

Бо мақсади иҷрои Фармоиши Раиси Комиссияи давлатии

Дарсҳои омӯзишӣ дар кӯчаву бозор: мардум дар бораи оббозии бехатар чиро бояд донанд?

Ин буд аввалин суоле, ки дар зеҳн меомад ва кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон як рӯзи худро миёни сокинони шаҳри Қурғонтеппа гузарониданд, то ба онҳо дар бораи оббозии бехатар ва дигар ҳолатҳои фоҷеаовар дар фасли тобистон нақл кунанд.
Рӯзи 9-уми июн Ситоди ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар байни аҳолии шаҳри

Наҷоти донишҷӯи 19-солаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷавонеро, ки дар дарёи Сир ғарқ мешуд, наҷот доданд.
Соати 14:50 дақиқаи рӯзи душанбе наҷотдиҳандагон, ки дар соҳилҳои Сир гаштугузор мекарданд, садои имдодталабонаи касеро шуниданд. Яқинан касе ғарқ мешуд.
Ба фарёди ҷавонмард аз аввалинҳо шуда наҷотдиҳандаи калони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд Ҳотам

Наҷоти ду ғарқшудаи обанбори Қайроқум

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ду марди баркамол дар обанбори Қайроқум пешгирӣ карданд.
Ҳангоми шино бо гидросикл мардон дағалона қоидаҳои техникаи бехатариро дар ҳавз вайрон намуданд. Дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва онҳо зераш монданд.
Кормандони наҷоти Кумита, ки дар атроф гаштугузор

Страницы