Сел дар Нуробод ва Варзоб. Талафоти ҷонӣ нест

30 июни соли 2024 наздик ба соати 15 боришоти зиёд дар деҳаи Яхақ, ҷамоати деҳоти ба номи И.Ҳалимов ва дарёи Зуманаки ноҳияи Нуробод сабаби омадни сел шуд. Дар натиҷа сел як селгузарро ба масоҳати 60 метр ва баландии 3 метр аз лойю лойқа пур кард. Дар айни замон корҳои рафи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд. Талафоти ҷонӣ нест.

Ҳодисаи дуюми омадани сел дар минтақаи Варзоб ба қайд гирифта шудааст. 30 июни соли 2024 соати 16:22 сел аз дараи Мазор, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Хоҷа-Обигарми ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ҷорӣ шуд. Об ба таҳхонаҳои хонаҳои сокинони маҳаллӣ ворид шуда, ҳамчунин ба иншооти ёрирасон қисман осеб расонд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расонда шуданд

Талафоти ҷониву хисорати дигар нест.

барчасп: