Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои пуршиддат, хавфи тармаву селу раъду барқ ҳушдор медиҳад!

Зарфи чор рӯзи оянда дар сар то сари кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад; борон бошиддаттар меборад, дар куҳҳо барфи тар мерезад, хавфи лағзиши тарма, омадани сел ва осеби раъду барқ вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 4-ум то 7-уми апрели соли 2017

Шарҳи рӯйдодҳои як ҳафтаи охир аз Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда

Бар асари обхезӣ дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон  3 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зарар дидааст, ки сабаби ин болоравии ногаҳонии сатҳи об дар дарёи Сурхоб унвон мешавад.
Охири ҳафтаи гузашта дар натиҷаи боронҳои шадид, ки муҷиби омадани сел, резиши санг ва тарма шуданд, дар баъзе навоҳии кишвар зарар расид.
Аз ҷумла, бар асари сангрезӣ дар ҷамоати деҳаи Шириншо

Баҳси коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Душанбе бо ширкати намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ

Фардо сарварон ва намояндагони чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табииро ба баҳс хоҳанд кашид.
31-уми марти соли равон дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030” дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офоти

Ҳавои номуътадили чанд рӯзи оянда: ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми март то 1-уми апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боришоти шадид ва дар минтақаҳои куҳӣ раъду барқ ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. Шамол аз тарафи ғарб дар як сония аз 17 то 22 метр мевазад.

Заминларза қаламрави кишварро такон дод

Рӯзи 29-уми марти соли 2017 соати 04:52 дақиқа
дар қаламрави кишвар замин такон хӯрд.
Маркази заминларза дар 280 километраи ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе,
15 километр аз шаҳри Хоруғи ВМКБ буд.
Қувваи он дар маркази заминларза 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дод.
Заминларза талафоти ҷонӣ ва вайронӣ надошт.

Страницы