Бар асари обхезӣ дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон 3 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зарар дидааст, ки сабаби ин болоравии ногаҳонии сатҳи об дар дарёи Сурхоб унвон мешавад.
Охири ҳафтаи гузашта дар натиҷаи боронҳои шадид, ки муҷиби омадани сел, резиши санг ва тарма шуданд, дар баъзе навоҳии кишвар зарар расид.
Аз ҷумла, бар асари сангрезӣ дар ҷамоати деҳаи Шириншо Шотемури шаҳри Хоруғи ВМКБ як хонаи шахсӣ қисман хароб шуд. Талафоти ҷонӣ нест. Бо кӯшиши отряди вокуниши сареъи Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шуданд. Ҳамчунин мутахассисони Ситод ошкор намуданд, ки 12 хоҷагӣ дар ин минтақа зери хатари сангрезӣ қарор доранд ва ба хотири таъмини амният онҳоро ба ҷойи амн интиқол доданд.
Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар натиҷаи обхезӣ 3 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зарар дид ва сабаби ин болоравии ногаҳонии сатҳи об дар дарёи Сурхоб унвон мешавад.
Дар деҳаи Сесанги ҷамоати шаҳраки Обигарм бар асари намии баланд, ки дар натиҷаи боронҳои селосо ба вуҷуд омадааст, ҳолати хок дар қисмати болоии деҳа вайрон шудааст. Ин метавонад сабабгори зери хатар мондани 28 хонавода шавад.
Бо мақсади огоҳсозии аҳолӣ ва омода намудани онҳо ба офатҳои табии эҳтимолӣ кормандони Ситоди Кумита дар минтақаи Рашт корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Дар ҷараёни мулоқот ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дар бораи он ки дар ҳоли омадани сел чӣ бояд кард, тақсим намуданд. Аз қисматҳои хатарноки русто 6 хоҷагӣ иборат аз 28 нафар ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, олами нобототу ҳайвонот бар асари резиши жола, Сарраёсати амалҳои фаъол ба равандҳои метерологии Кумита бо истифода аз мушакҳои зиддижола 22 минтақаи хатарноки жоларо дар қаламрави ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, ҳамчунин навоҳии Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон хунсо намуданд. Ҳайати шахсии КҲФ ба ҳолати омодабош дароварда шудааст.
Гуфтанист, ки корҳои якҷояи садамавиву барқарорсозӣ оид ба мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо аз ҷониби Ситодҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки ба он кормандони КҲФ, вазорати нақлиёт, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, идома дорад.