Зарфи чор рӯзи оянда дар сар то сари кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад; борон бошиддаттар меборад, дар куҳҳо барфи тар мерезад, хавфи лағзиши тарма, омадани сел ва осеби раъду барқ вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 4-ум то 7-уми апрели соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боришоти пуршиддату пайдарпай, дар манотиқи куҳии кишвар раъду барқ (ғайр аз қаламрави ВМКБ) ва барфи тар назар дошта шудааст.
Хатари осеби раъду барқ вуҷуд дорад.
Таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад, дар роҳҳои куҳии ҷумҳурӣ бошад хавфи омадани сел ва лағзиши тарма, ҳамчунин резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ аввал воситаҳои нақлиётии худро омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба ҷойҳои хатарзо, роҳандозии корҳои саҳро ва кишоварзӣ, омодасозии ҳезум ва шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ кунанд.