Дарсҳои омӯзишии амалӣ дар минтақаи Зарафшон
Чоп шуд: 25/07/2016 | adminБо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва қобилиятҳои ҷисмонии кормандони хадамоти наҷот аз 24 то 31-уми июли соли равон дар куҳҳои Фони водии Зарафшон машқҳои омӯзишии отрядҳои ҷустуҷӯии наҷоти куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мураббиёни ин дарсҳои омӯзишӣ кормандони Раёсати омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ мебошанд.