Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва қобилиятҳои ҷисмонии кормандони хадамоти наҷот аз 24 то 31-уми июли соли равон дар куҳҳои Фони водии Зарафшон машқҳои омӯзишии отрядҳои ҷустуҷӯии наҷоти куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мураббиёни ин дарсҳои омӯзишӣ кормандони Раёсати омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ мебошанд.
Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон омодагиҳои назариявиро мегузаранд, вижагиҳои табиати куҳии маҳал, тавсифномаи унсурҳои гуногуни таҷҳизоти куҳнавардӣ, тактикаи баргузории корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар шароитҳои баландкуҳро аз бар мекунанд.
Бештари вақти омӯзишӣ дарсҳои амалианд. Дар ҷараёни ин дарсҳо онҳо бо донишҳои усулҳои ҳифозати пешакӣ ва ҳаракат бо релйефи куҳии гуногун мусаллат мешаванд. Ғайр аз ин такмили малакаҳо ҳангоми ҳамлу нақли ҷабрдидагони шартӣ бо ёрии воситаҳои кумаккунанда дар хамгашту нишебиҳо дар назар аст. Ҳамчунин шеваҳои убур аз дарёҳои куҳӣ ва дараҳо машқ карда мешавад.
Дар қисмати таҷрибавии дарсҳои омӯзишӣ боло шудан ба қуллаи Аловуддин, ки баландии он наздик ба 4000 метр аз сатҳи баҳр мебошад, дар назар гирифта шудааст. Ширкаткунандагони омӯзиш ҳамчунин дар нақша доранд кӯли Мутноро ҳам аз худ кунанд.