Сели азим дар Рашту Ашт пул ва роҳҳоро шуст (Видео)
Чоп шуд: 29/07/2016 | adminБар асари резиши борони шадид ва сели азим дар деҳаи Қалъанаки Ялдумичи ноҳияи Рашт пули ин деҳа ва қисмате аз заминҳои кишт зери об мондаанд.
Боронҳои шадид баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 28-уми июл оғоз шуданд ва бино ба иттилои хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақа сели азим дар 16, 25-30 километраи роҳи Ҳойит-Назарайлоқи ноҳияи Раштро низ шустааст.