Бар асари резиши борони шадид ва сели азим дар деҳаи Қалъанаки Ялдумичи ноҳияи Рашт пули ин деҳа ва қисмате аз заминҳои кишт зери об мондаанд.
Боронҳои шадид баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 28-уми июл оғоз шуданд ва бино ба иттилои хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақа сели азим дар 16, 25-30 километраи роҳи Ҳойит-Назарайлоқи ноҳияи Раштро низ шустааст.
Худи ҳамон рӯз дар натиҷаи борони селосо дар ҷамоати деҳаи Даҳансой, Панғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳудудан 10-15 километр роҳи деҳа зери сел монда, қисман ду хонаи истиқоматӣ, 5 мошин ва як чойхона зарар дидаанд.
Гузориш мерасад, ки ин селомад ва ин боронҳои шадид талафоти ҷонӣ надоштанд.
Дар айни замон дар маҳалҳои офатзада комиссияҳои маҳаллӣ барои бартарафсозии оқибатҳои борону сел ба кор шуруъ кардаанд.