КҲФ фаъолияти нимсолаи худро ҷамъбаст намуд

16 – уми июни соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи коллегия,-мушовираи Кумита барои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар
нимсолаи аввали соли 2016 баргузор гардид, ки дар он роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ ширкат намуданд.
Дар коллегия натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хидматии Кумита, натиҷаи аттестатсия миёни ҳайати шахсии КҲФ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои Кумита оид ба иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ дар нимсолаи аввлаи соли 2016 шунида шуд. Нақшаи чорабиниҳои асосии КҲФ дар нимсолаи дуввум баррасӣ гардид. Дар ҷараёни ҷаласа ба як қатор камбудиҳои мавҷуда дар ташкили тафтишҳои назоратӣ, баргузории чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, камбудиҳо дар воҳидҳои низомии Кумита ишора карда шуд.   
Генерал-лейтенант Рустам Назарзода дастур дод, ки дар кутоҳтарин фурсат системаи огоҳсозии бармаҳал ва консепсияи омӯзиш ва бозомӯзии кормандон таҳия карда шавад.
Раиси Кумита таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба масъалаи бартарафсозии ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳайати шахсӣ, таҳкими интизоми корӣ ва баланд бардоштани ҷавобгарӣ ва масъулияти шахсии ҳар корманди Кумита дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавии онҳо, омодагӣ ба давраи зимистон ҷалб намуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа сарварони раёсати оперативӣ, раёсати кадрҳо, раёсати молия, сардорони ситодҳои ВМКБ, минтақаи Рашт, роҳбарони як қатор ситодҳои ноҳияҳо ва фармондеҳи яке аз қисмҳои низомии Кумита аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.
Зумрае аз кормандони масъул барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ, назорати суст ба фаъолияти зердастонашон ва нишондодҳои паст дар фаъолияти хидматӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Дар бораи роҳандозии ротатсия миёни ҳайати роҳбарии КҲФ қарор карда шуд.
Дар хотима ба масъалаҳое таъкид шуд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ дар нимсоли дуюми фаъолият ба он равона шавад.

барчасп: