Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ ба имзо расид

Имрӯз,8 – уми майи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017 маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои

Дар Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кӯдаконро роҳҳои наҷоти одамон омӯхтанд

Саду панҷоҳ нафар бачаҳо дар Маркази омӯзишӣ ва методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарси наҷоти одамон дар вақти офатҳои табиӣ, расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро омӯхтанд ва тамрин карданд.

5  - уми майи соли 2017 дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти байналмилалии  «Добрососедство»  дарси омӯзишӣ дар мавзуъи “Амалҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” баргузор шуд.

Диду боздидҳо аз манотиқи офатзадаи Лахш: Таъкид ба ҷуброни зарар расида

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш ҳаҷми зарари расида аз заминларзаҳои ахирро муайян мекунад.

Ин Комиссия рӯзи гузашта, 5-уми май бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои омӯзиши вазъ, арзёбии зарари расида ва роҳандозии корҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларзаҳои ахир  бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ноҳияи Лахш дидан кард. 

Замин дар қаламрави Тоҷикистон бори панҷум такон хӯрд

Субҳи имрӯз зилзила бо қувваи 3-4 балл шаҳри Душанберо бори дигар такон дод. Зарфи се рӯзи охир ин ин паҷумин бор аст, ки дар қаламрави кишвар замин меларзад.
Бино ба гузориши Маркази зилзиласанҷии кишвар маркази ин заминҷунбӣ дар 265-умин километр самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон буд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 ва дар

Аз ҳаводиси олам: Тӯфони азим дар Бангладеш 7 нафарро ба ҳалокат расонд

Ҳафт куштаву даҳҳо захмӣ дар тӯфони Бангладеш, ки шомгоҳии рӯзи душанбе рух дод.
Ин ҳодиса шоми рӯзи душанбе рух дод ва бар асари борони шадид ва тӯфони азим чандин ноҳияи ин кишвар зарар диданд.
Мақомот теъдоди кушташудагонро ҳафт ва захмиёнро даҳҳо нафар эълон кардаанд.
Хабаргузории “Синхуа” ба нақл аз мақомоти расмӣ гуфтааст,

Страницы