Ҳафт куштаву даҳҳо захмӣ дар тӯфони Бангладеш, ки шомгоҳии рӯзи душанбе рух дод.
Ин ҳодиса шоми рӯзи душанбе рух дод ва бар асари борони шадид ва тӯфони азим чандин ноҳияи ин кишвар зарар диданд.
Мақомот теъдоди кушташудагонро ҳафт ва захмиёнро даҳҳо нафар эълон кардаанд.
Хабаргузории “Синхуа” ба нақл аз мақомоти расмӣ гуфтааст, ки дар округи Раҷшоҳӣ, ки 256 километр дар ғарби Дакка ҷойгир аст, чор ҳодисаи марги инсон аз тӯфон ба қайд гирифта шуд. Се тани дигарро дар
Чапай-Навобганҷ мурда ёфтанд.
Бар асари обуҳавои номусоид хонаҳои бисёре аз сокинон хароб, дарахтон решакан шуданд, ҳаракати нақлиёт халадор гардид.