Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш ҳаҷми зарари расида аз заминларзаҳои ахирро муайян мекунад.
Ин Комиссия рӯзи гузашта, 5-уми май бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши вазъ, арзёбии зарари расида ва роҳандозии корҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларзаҳои ахир бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ноҳияи Лахш дидан кард.
Аъзои Комиссияи давлатӣ якҷо бо сарвари ҳукумати иҷроияи ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, идораҳои салоҳиятдори дигар аввал ба деҳаи Шилбилӣ, ки рӯи 22-уми апрели соли ҷорӣ бар асари омадани сел як қатор хонаҳои истиқоматӣ дар он зарар дида буданд, рафт.
Бино ба иттилои сарвари ноҳия 22 хоҷагӣ иборат аз 133 нафар, сари вақт ба ҷойи амн кӯчонда шуданд. Ҳоло барои сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин дар садади ҳал шудан аст. Барои зарардидагон кӯмакҳо сари вақт расонида шуданд. Дар минтақаи офати табиӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
Баъдан Комиссияи давлатӣ аз деҳаи Алға дидан кард, ки аз заминларзаҳои ахир зарар дида буд. Бар асари такони замин ду хонаи истиқоматӣ пурра хароб шудааст, чор хонаи дигар ва мактаби деҳа қисман зарар дидаанд.
Ҳамчунин дар ин заминҷунбӣ дар манотиқи гуногуни роҳи мошингарди Лахш-Саритош санг рехтаву ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Ин сангрезиш ҳамчунин баъзе қисматҳои роҳро вайрон кардааст. Ҳоло ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст.
Сарвари Кумитаи ҳлатҳои фавқулодда дар назди Комиссия вазифаҳои мушаххас гузошт ва муҳлати иҷрои онро дақиқан муайян кард.
Аз рӯйи хулосаи ниҳоии Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди расонидани кумакҳо ба зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ қарори дахлдор қабул карда хоҳад шуд.
Ҷараёни иҷрои чорабиниҳои нишондодашуда аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон зери назорат гирифта шудааст.