Диду боздидҳо аз манотиқи офатзадаи Лахш: Таъкид ба ҷуброни зарар расида
Чоп шуд: 06/05/2017 | adminКомиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш ҳаҷми зарари расида аз заминларзаҳои ахирро муайян мекунад.
Ин Комиссия рӯзи гузашта, 5-уми май бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши вазъ, арзёбии зарари расида ва роҳандозии корҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларзаҳои ахир бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ноҳияи Лахш дидан кард.