Тундбод, аҷинашамол, боди сарду сахт, боди сангин

Яке аз харобиовартарин тундбодҳои ахир моҳи апрели соли 2012 дар Ҷопон рух дода буд. Он муҷиби ҳалокати 2 нафар ва маҷруҳ гардидани бештар аз 160 тан шуда буд. Ин тундбод бо суръати 41,9 метр дар як сония вазид. Чун мақомот аз ин хатар пешакӣ огоҳ карда буданд, бисёре аз ширкатҳо кормандонашонро пеш аз анҷоми соати корӣ ҷовоб доданд, то ба онҳо зарари ҷисмонӣ нарасад.
 

Субҳи имрӯз, 4-уми май ҳангоми таҳияи хабари харобии як боди сахт дар ноҳияи Масчо ба ҳамин ибора бархӯрдем. Яъне, боди сарду сахти ногаҳоние вазида ва муҷиби шикастани дарахтон ва харобии боми як хона шудааст. Зарур донистем як маълумотномаи кутоҳе дар бораи ин навъи шамол, номи он дар гӯишҳои гуногуни сокинони кишвар дошта бошем.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” тундбод ин гуна шарҳ дода шудааст: ТУНДБОД - тӯфон, гирдбод, боди сахту тунд, ки ҳаворо торик мекунад.

Чӣ нағз омад ин нукта дар Синд ёд,

Ки ишқ оташ асту ҳаво тундбод.

Саъдӣ

Ва маънои дигар ҳам дорад: Тундбоди ҳаводис – ҳодисаҳои сахти зиндагӣ, пешомадҳои гуногун ва душвор дар ҳаёт

Зи тундбоди ҳаводис наметавон дидан,

Дар ин чаман, ки гуле будааст ё сумане.

Ҳофиз

Ин бодро дар Тоҷикистон бо номҳои зиёд ёд мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо онро дама, дар баъзе қисматҳо аҷинашамол, шамоли аҷинабодак меномад. Вале асли он тундбод аст. Боди тунд, ба маънои шамоли тезу босуръате, ки метавонад харобиовар ҳам бошад. Тундбод як боди хатарнокест, ки ногаҳонӣ сар мезанад ва хеле зуд неру мегирад ва ба боди сарду сахт табдил мешавад. Ҳатто зарфи ду дақиқа суръати вазиши худро то 8 метр дар як сония меафзояд.

Маъмулан замоне аз ин бод ба изтироб ёд мешавад, ки агар он чандин дақиқа вазад ва харобӣ орад. Аслан тундбод дурудароз намевазад, балки дар як муҳлати кутоҳ мевазад ва баъзан аз худ харобиҳои зиёде ба ҷой мегузорад.

 Чӣ хатар дорад тундбод?

Хатари тундбод дар харобкории он аст. Бар асари он дарахтон на танҳо аз шоху барг ҷудо мешаванд, балки аз тана мешикананд ва ҳатто аз реша береша мешаванд. Симҳои интиқоле нерӯи барқ, хатҳои телефон канда мешаванд, баъзан зӯраш ҳам мерасад, ки симчӯбҳои осебпазир, бомҳои хонаҳоро барканад ва ба зер афканад.

Суръати ҳаракати он дар як сония баъзан то10 метр ва баъзан то 25 метр аст. Ин зуҳуроти хатарнок аз 2 дақиа баъзан то ду соатмевазад. Вазиши дурудароз харобии бештар меорад. 

Сабаби аслии онро олимон дар он мебинанд, ки дар осмон абрҳои тӯфонӣ пайдо мешаванд. Дар мавридҳое тундбод бо раъду барқ ҳамроҳ меояд Тундбод метавонад бо борони шадид ояд ва дар ин гуна мавридҳо харобиҳои бештар меорад.

 Яке аз харобиовартарин тундбодҳои ахир моҳи апрели соли 2012 дар Ҷопон рух дода буд. Он муҷиби ҳалокати 2 нафар ва маҷруҳ гардидани бештар аз 160 тан шуда буд. Ин тундбод бо суръати41,9 метр дар як сония вазид. Чун мақомот аз ин хатар пешакӣ огоҳ карда буданд, бисёре аз ширкатҳо кормандонашонро пеш аз анҷоми соати корӣ ҷовоб доданд, то ба онҳо зарари ҷисмонӣ нарасад.