Заминларзаи нимишабӣ талафоти ҷониву хисорат надошт, вале аз боди сарду сахт дар Масчо дарахтон ва як хонаи истиқоматӣ осед диданд.
4 –уми майи соли равон соати 01:30 дар қаламрави кишвар замин ларзид.
Тибқи иттилои Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази он 263 километраи қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 30 километр дуртар аз ноҳияи Лахш буд.
Манбаъ хабар дод, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5 балл, дар ноҳияи Лахш 4 ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Дар бораи талафот ва хисорот маълумот дастрас нашудааст.
Ҳамчунин 4-уми май соати 01:15 бар асари боди сахт дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Масчои вилояти Суғд дарахтон ва боми як хонаи истиқоматӣ осеб диданд.
Ин ҳодиса қурбонӣ надошт.