Ҳалокати як писарбачаи ноболиғ дар Сангвор бар асари лағзиши тарма

Бар асари лағзиши тарма дар рустои Роғи Дараи Калпи ноҳияи Сангвор як писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидаву қурбонии дигаре ба қайд гирифта нашудааст.
Гуруҳи корӣ бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ки субҳи имрӯз ба маҳалли тармахези Сангвор рафта буд, баргашт. Дар ҳайати гуруҳи корӣ наҷотдиҳандагони

Аз бориши барфу лағзиши тарма ҳанӯз хатари ҳаракат дар роҳҳои муҳими кишвар бартараф нашудааст

Бориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма  роҳи мошинҳоро аз Душанбе ба самти Хуҷанд то ҳол баста нигоҳ медорад.
Дар натиҷаи гузаронидани як силсила корҳо дар минтақаҳое, ки резиши санг ва лағзиши тарма муҷиби нобасомонӣ дар роҳҳо ва сабабгори қатъи ҳаракати мошинҳо шуда буд, роҳи Душанбе-Хоруғ тоза шуд ва корҳо дар самти Хоруғ-Мурғоб идома доранд.

Хазинаи Шоҳ Салмон бунёди Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро сармоягузорӣ мекунад

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин таҳкими сохторҳои мавҷудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимии КҲФ баргузор шуд.

Ҳалокати се корманди IRS дар зери тарма

Хабаргузории давлатии “Ховар” истинодан ба дафтари матбуотии Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз”  аз ҳалокати чанд корманди зери тармамондаи ин ширкат хабар дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ нимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ӽафт нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Наҷоти 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда аз муҳосираи тарма дар се рӯзи охир

Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва бахусус дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаи бузургҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.

Страницы