Бар асари лағзиши тарма дар рустои Роғи Дараи Калпи ноҳияи Сангвор як писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидаву қурбонии дигаре ба қайд гирифта нашудааст.
Гуруҳи корӣ бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ки субҳи имрӯз ба маҳалли тармахези Сангвор рафта буд, баргашт. Дар ҳайати гуруҳи корӣ наҷотдиҳандагони Кумита, кормандони тибб, намояндагони ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буданд.
Гуруҳи корӣ таҳқиқ кардааст, ки бар асари лағзиши тарма дар деҳаи Роғи Дараи Калпи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Сангвор Хайриддин Иброҳим-писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ин ноболиғ имрӯз ба хок супурда шуд.
Гуруҳи корӣ мегӯяд ин лағзиши тарма талафоти ҷонии дигар надошт. Аммо ин тарма ба хоҷагии оилаи Шайхмуродовҳо зарар расонд. Ба онҳо маводи ғизоӣ, сару либос ва ҷиҳози хоб чун кӯмаки аввалия расонда шуд.