Мулоқот бо сарвари тозатаъини Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе

29 июли соли 2024 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо роҳбари тозатаъйини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Вилли Кемпел баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин мулоқот баррасии масоили марбут ба иҷрои тарҳҳои муштарак дар соли 2024 ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минбаъда дар соли 2025 буд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари КҲФ ба ҷаноби Сафир оид ба чорабиниҳои муштараки пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда маълумот дод.

Раиси Кумита дар бораи рафти корҳои сохтмон дар Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, дар бораи давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии КҲФ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирӣ ёфтаанд, сухан ронд.

Рустам Назарзода ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда курсҳои омӯзишӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони техникии КҲФ оғоз карда шаванд.

Дар навбати худ, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА барои маълумоти пешниҳодшуда изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки дар оянда САҲА дар ин самт кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

барчасп: