Дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2024, фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии мақомоти идорӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо, рўзҳои 18-20-июли соли 2024 дар Филиали №42 КВД “Бонки Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтори он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Ин тамрин дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании иншоот ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулода (заминларза)» гузаронида шуд.
***** ****** *****
Ҳамчунин тибқи нақша чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мусобиқаҳои ҳарбӣ варзиши байни ҳайати шахсии Раёсат ва қисми ҳарбии 45989-и Кумита аз намуди тирпарронӣ аз силоҳи оташфишони тамғаи АКМ, ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи оташфишони тамғаи АКМ, вазнбардорӣ, қадкашӣ, волейбол ва футболи хурд доир гардид.
Ғолибон бо тўҳфаҳои қиматнок, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
***** ****** *****
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав 19 июли соли 2024 ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо Сафаров Умар-мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон сўҳбату вохўрӣ доир гардид.