Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 22 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.
Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.