Заминларза дар кишвар, ҳалокати ду нафар дар як садамаи мошин ва пайдо шудани ҷасади марде, ки танҳо мезист
Бино ба маълумоти хадамоти Геофизикии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон 18 июли соли 2024 соати 23:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 260 километр ҷанубу шарҳи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 балл буд.
Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.
18 июли соли равон тахминан соати 05:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Данғара-Кӯлоб, дар минтақаи деҳаи Наи Зиракии шаҳри Норак як мошини боркаши тамғаи «Shacman» ба сабаби аз кор мондани тормоз ба ҷарии умқаш 150 метр сарозер шуд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти махсус ба ҷарӣ ворид гашта, ҷасади ду нафарро аз мошини харобшуда боло оварданд. Яке аз онҳо як сокини 30-солаи шаҳри Душанбе буда, дуюмӣ ҷавони 23-сола аз ноҳияи Рашт будааст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ронандагонро хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд ва кулли қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.
Кашфи ҷасади як мард дар манзиле, ки танҳо буд
18 июли соли 2024 тахминан соати 19:07 як сокини 32- солаи кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки наметавонад дари хонаеро боз кунад, ки дохили он падараш аст. Вай ҳамчунин гуфт, ки аз дохили манзил ҳеч садое шунида намешавад, ба занги дару кубидани дар ҷавобе нест.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, дарро боз карданд ваа дар дохил мардеро бе ягон нишони ҳаёт пайдо карданд. Маълум шуд, ки ин мард 68 сол дошта, танҳо мезист.
Ҷасади ӯро имдодагрон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Сабабҳои марги ӯ ташхис мешавад.