Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии кӯдакон дар назди обҳо, махсусан дар давраи таътили тобистона таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Дар мавсими шиноварӣ аз ҷониби кормандони КҲФ чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, ки ба баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт ва пешгирии марги кӯдакон дар объектҳои об нигаронида шудаанд, гузаронида мешаванд.
Чунончӣ, дар доираи маъракаи «Тобистони бехатар дар обҳо» кормандони Раёсати КҲФ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳия оид ба рафтору кирдори бачагон ва наврасон дар назди объектҳои об, расондани ёрии аввалин ба зарардидагон як ришта корҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд..
Мақсад аз баргузории чорабинӣ таблиғи чораҳои бехатарӣ ва фаҳмонидани он ки дар соҳили обҳо бояд чӣ рафторе дошт. Ҳамчунин фаҳмонидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ ва расонидани кумакҳои аввалия ба ғарқшудагон аст.