Ҳалокати ду нафар дар Зафаробод ҳангоми кандани чоҳ

11 июли соли 2024 дар шимоли кишвар ду нафар ҳангоми кандани чоҳ ҷони худро аз даст доданд. Бино ба гузориши расида як шаҳрванди 55-солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми кандани чоҳ дар умқи 15 метр баногаҳ аз ҳуш рафт.

Ҳамдеҳаи дигари ӯ, ки 25 сол дошт, талош кард ӯро наҷот диҳад, вале натавонист. Ҳарду дар дохили чоҳ ҷон бохтанд.

Кормандони милитсияи ноҳия ҷасади фавтидагонро аз чоҳ берун оварданд.

Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба хонаводаи ҳалокшудагон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар ин гуна ҳолаҳои қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: