Дар давоми 24 соати охир дар саросари кишвар сел ва як садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Қитъаи роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-ЛАхш, ки бар асари омадани сел хароб шуда буд, пурра барқарор гардид.
Чунончӣ, 10 июли соли 2024, соати 17:27 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд борони шадид ва жола борид. Бар асари боришот аз вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯх сел ҷорӣ шуд. Заминҳои кишоварӣ, пули роҳҳои маҳаллаҳои Говсувор ва Чоркӯҳро об зер кард. Боришоти зиёд ба ҷамоати деҳоти Сурх, Кӯлканд ва Чилгазии Исфара низ хисорот ворид кардааст. Талафоти ҷонӣ нест.
Барои муайян намудани ҳаҷми азрари расида ва роҳандозии корҳои бартарафсозии пёмадҳои офат Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр фаъолият дорад.
10 июли соли 2024 соати 12:30 дақиқа як ронандаи 23-солаи мошин тамғаи «Mercedes-Benz» ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Халевард аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба симчӯби интиқоли барқ бархӯрдааст.
Бар асари ин садама ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсафари ӯ бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол дода шудааст.
Дастаи наҷотдиҳандагои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот ҷасади ронанда ва ҳамсафари маҷруҳи ӯро аз дохири мошини харобшуда берун оврданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Боло бурдани суръати ҳаракати мошин ҳамеша хатари садама ва фоҷеаро ба дунбол дорад.
ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!