Чӣ бояд кард, агар мор газид? Тавсияҳо дар ҳошияи хабаре, ки мор як шаҳрванди Русияро дар Варзоб газид

6 июли соли 2024 соати 16:28 як сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва дар бораи газидани мор дар кӯҳҳои Варзоб хабар дод. Дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Маълум гардид, ки мор як сокини 29-солаи шаҳри Хабаровски Русияро газидааст. Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки номбурда дар қаламрави деҳаи Сиёмаи ноҳияи Варзоб ба кӯҳ боло мешудааст.

Ҷабрдида 6 километр дуртар аз роҳи асосӣ ҳузур дошт. Ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагон ҳамчунин духтурон низ ба кӯҳ боло шуданд. Дар ҷойи ҳодиса барояш кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд ва баъдан бо ёрии занбар шаҳрвандро аз кӯҳ поин оварданд.

Номбурда дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе бистарӣ шуд. 

ЧӢ БОЯД КАРД, АГАР КАСЕРО МОР ГАЗИД? ЁРИИ АВВАЛИН

  • Моргазида таъсири заҳрро ба зудӣ ҳис мекунад ва аввалин ёрӣ барои ӯ фароҳам овардани муҳиту шароити ором аст. Ӯро бояд хобонид ва ҳар қадар зиёд ҷунбад ва ё ҳаракат кунад, заҳр ба аъзои бадан ҳамон андоза зуд паҳн мешавад.
  • Фавран бояд аз ҷойи моргазида заҳри онро бо даҳон макидаву берун бояд кашид. Ин корро метавон муддати 15-20 дақиқа бе ягон танаффус анҷом дод. Аммо дар ёд дошта бошед: Ҳаргиз касоне, ки дар лабон ва даҳонашон захм доранд, лабашон кафидааст ё харош хӯрдааст, набояд ба кори ҷаббидани заҳри мор ҷалб шаванд. Дар ин ҳол онҳо метавонанд худ заҳролуд гарданд.
  • Исбот шудааст, ки бо истифода аз усули макидану кашидани заҳр аз 28% то 45% заҳри ба бадан воридшуда хориҷ карда мешавад. Вале дониста бошед, ки ин чора ва ин тадбир танҳо дар 20-30 дақиқаи аввали газидани мор муфид аст. Баъди ин бояд ҷойи моргазидаро бо  маҳлули зиддиуфунӣ шуст ва бо латтаи беҳдоштӣ баст.  
  • Ҷабрдида ниёз ба истироҳати комил дорад. Ӯ бояд биншинад ва ё дароз кашад, дар ҳар ҳолат ҳам қисмати осебдидаи ӯ бояд беҳаракат бошад, зеро дар ҳоли ҳаракат заҳр низ аз ҷойи газида дохилтар ҳаракат мекунад ва мисли он ки ҷойе аз бадан шикаста бошад, одамро афсурда мекунад.
  • Набояд дар ин ҳолат аз бандинаи резинии манъкунандаи хун истифода намуд, зеро вайрон шудани гардиши хун дар ҷойи газида нобудшавии бофтаҳои мушакҳои баданро метезонад, ки дар натиҷа бадани зарардида заҳролуд мегардад.
  • Ба ҷабрдида бояд бештар об дод, аз ҳама хуб чойи талх тавсия шудааст. Баъди расонидани ёрии аввалин ҳатман ӯро ба наздиктарин нуқтаи тиббӣ бояд расонд. Вале фаромӯш набояд, ки вақти интиқол моргазида бояд дароз кашида бошад. 
  • Ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш кард: Ёриии аввали тиббӣ ба шахси моргазида бояд дар аввалин дақиқаҳо расонида шавад. Ин боис мегардад, ки ӯ зудтар шифо ёбад ва қобилияти кории худро хубтар барқарор намояд.

 Чӣ коре мумкин нест?

 Чуноне гуфтем, бо бандинаи резинӣ бастан, ки он сабабгори вайрон шудани гардиши худ мешавад.

  • Сӯзонидани ҷойи моргазида.   
  • Нӯшокии спиртӣ истеъмол кардан.
  • Буридану чок кардани ҷойи газида барои равондани “хуни заҳркашида”.
  • Бо адреналин ва ё бо ягон маҳлули антисептикӣ сӯзан задан. 
  • Кори ҷисмонӣ кардан.
  • Гармӣ гузаронидан.
  • Таъсири сардӣ дар минтақаи моргазида бояд маҳдуд бошад.

Чӣ гуна бояд донист, ки мори заҳрдор газидааст ва ё безаҳр?

  1. Таҳқиқ шудааст, ки агар одамро мори безаҳр газад, дар пӯст ҷароҳати дандонадор боқӣ мемонад. Вале агар мори заҳрдор газад, дар ҷойи газида ду изи захми дарозшакл боқӣ мемонад. 
  2. Агар мори безаҳр газад, одам дарди шадиду зудро ҳисс мекунад. Аммо ин газдидагӣ оқибати нохуш надорад, чун мор заҳр надошт. Аммо дар газидани мори заҳрдор ин ҳама баръакс аст: ҳам дарди шадид ва ҳам хатар ба ҷон.
  3. Агар мори заҳдор газад, ҷойи газида зуд варам мекунад, ҳарорати бадан баланд мешавад, сардардиву дилбеҳузурӣ ва аломатҳои зоҳир мешаванд, ки муфассалтар дар ин бора гуфтем.
барчасп: