8 июли соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва иштироки Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А. Маҷидзода ҷаласаи коллегия оид ба натиҷаи фаъолиятҳо дар шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои низомии он иштирок намуданд.
Дар коллегия масъалаҳои тадбирҳои андешидаи КҲФ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар нимсолаи аввали соли 2024, таҳлили ҳолати интизоми ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳи Кумита дар соли 2024 баррасӣ шуд.
Аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои он дар нимсолаи дуюми соли 2024 муовини якуми Раиси КҲФ, полковник Ҳотамшо Латифзода суханронӣ намуд. Дар бораи тартибу интизом дар қисмҳои ҳарбӣ, сиёсати кадрӣ ва ғайра муовини Раиси Кумита генерал-майор И.Иброҳимзода сухан ронд.
Ҳамчунин ҳисоботи роҳбарои Сарраёсатҳои Кумита ва Раёсатҳои КҲФ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ дар бораи корҳои анҷомшуда ва пешниҳодҳо барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта шунида шуданд.
Аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар нимсолаи дуюм татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои табиӣ, талафоти ҷонӣ дар онҳо, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини омодагии қувваҳо ва воситаҳои КҲФ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ҳолатҳои табиӣ ва техногенӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ муайян карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба вазъи омодагии ҳарбӣ, сиёсӣ, сафарбаркунии қисмҳои низомӣ, фаъолияти ҳаррӯзаи қӯшунҳо, таъминоти моддию техникӣ ва озуқаворӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техника, аслиҳа ва фароҳам овардани шароит барои омодагиҳои ҳарбии хидматчиёни ҳарбӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор А. Маҷидзода дар суханронии худ барои беҳбуди корҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо ҳамкории вазорату муассисаҳоро омили аслии пешрафт донист ва ба диққати бештар додан ба ҳодисаҳои нохуш дар обҳои кишвар дар соли 2024 таъкид намуд.
Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода коллегияро ҷамъбаст намуда, дар бораи ҳадафҳои дар пешистода, аҳамияти иҷрои фармону супоришҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳое, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ба зиммаи Кумита гузошта шудаанд, татбиқи босамари Барномаҳои қаблан қабулшуда, инчунин риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ, баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита сухан ронд.
Дар фарҷом коллегия вазифаҳоро барои нимсолаи дуюми соли 2024 муайян намуд.