Рӯзи 1 июли соли 2024 дар деҳаи Дашти Марзо, ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод сел ома два он ба 10 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон, боғҳо ва роҳҳои байни деҳаҳо зарар расонд.
Корҳо барои бартараф анмудани паёмадҳои офат оғоз шудааст.
Талафоти ҷонӣ нест.
Тибқи иттилои Бахши КҲФ дар минтақаи Рашт, 1 июли соли 2024 соати 10:40 дақиқа бар асари боришоти кӯтоҳмуддат дар деҳаи Шулонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи Рашт сел роҳи Душанбе-Ваҳдат-Раштро муваққатан баст. Дар бартараф кардани оқибатҳои ин сел техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шудан.
Соати 11:40 дақиқа роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд.
1 июли соли 2024, тахминан соати 11:30 дар деҳаи Сари Пӯлаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод сел як мошини тамғаи «Опел-Зефира»-и сокини деҳаи Ҷавчиро зери об кард. Ба онҳо муяссар шуд, ки ду кӯдак, як зан ва як мардро аз мошин берун кунанд. Мутаассифона, ронандаро сел бурд.
Дар натиҷаи талошҳои муштарак ҷасади ронанда дар 4 километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.
Ҳамчунин соати 14:56-и ҳамин рӯз аз километри 101 то 108-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш сел роҳи минтақаро баст. Барои рафъи оқибати офати табий техникам муҳандисии ноҳия сафарбар карда шуд. Роҳ боз шуд.
Тибқи иттилои Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, 1 июли соли 2024 дар деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор бар асари омадани сел як пули мошингузар шудааст. Ҳамчунин, 36 хона ва иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ (67 оила, 267 нафар) зери об мондааст. Ҳамаи сокинон ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.
Бо мақсади муайян намудани хисорот ва ташкили корҳои бартарафсозӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумита полковник Латифзода Х., ба маҳалли аз офат зарардида сафарбар карда шуд.