Наҷотдиҳандаҳои кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои як садамаи маргбор дар роҳи Кӯлоб-Душанберо бартараф карданд.
Ба қисми навбатдории Кумита рӯзи 1 июли соли равон соати 06:28 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расид, ки дар дохили нақби «Хатлон» се мошин ба ҳам бархӯрданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус маҷруҳшудагон дар садамаро аз дохили мошинҳо ва ҷасади як нафар ҳалокшударо берун оварданд ва ба кормандони тиб супурданд.
Дар ин садама 1 нафар ба ҳалокат расид ва 8 тани дигар захмӣ шуданд. Онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии шаҳри Норак бистарӣ шуданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва аз боло бурдани суръати ҳаракати мошин худдорӣ варзанд.