Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 1-2 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Илова бар ин, рӯзҳои 1-3 июли соли 2024 дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.
Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.