ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам (Бахши аввал)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд. Ин пиразан бузургсолтарин кӯҳнаварди олам аз миёни занон шинохта шуд.

Дар ин навишта дар бораи 5 кӯҳи хатарноки олам мехоҳем қисса кунем.

 

Конгчанҷунго

Конгчанҷунго (анг. Kangchenjunga), яъне “Панҷ ҷавоҳири барфӣ”. Сеюмин қуллаи баланди ҷаҳон аст ва ба ҳамроҳи чаҳор қуллаи дигари ҳамшафати худ аз 5 қулла иборат аст, ки ҳамаи онҳо  бештар аз 8500 метр баландӣ доранд. Ин кӯҳ комилан аз шар то ғарб ва аз шимол то ҷануб бо риштакӯҳҳои азим иҳота шудааст. қаторкӯҳҳои Конгсанҷунго дорои шакле монанди як ҳарфи Х – и хеле бузург мебошанд.  Баландии ин қулла 8584 метр аст.

Аз соли 1838 то соли 1849 боварҳо бар ин буд, ки Конгсанҷунго баландтарин кӯҳи ҷаҳон аст. Вале баъдтар таҳқиқотҳои анҷомшуда дар Эверест ин фарзияро рад кард. Ва ҳоло ин кӯҳро сеюмин кӯҳи баланди олам медонанд. Муддати 50 сол кӯҳнавардон талош карданд ин баландтарин кӯҳи оламро фатҳ кунанд, вале ҳамеша дар талошҳои худ ноком мемонданд. Танҳо соли 1955 ба Ҷо Браун ва Ҷорҷ Бенд – ширкаткунандагони экспедитсияи Чарлз Эванди англис муяссар гардид, ки қуллаи баландтарини онро фатҳ намоянд. 

Конгчанҷунго як кӯҳи саропо барфпӯш аст, ҳавояш ҳамеша номусоид, ягон хати ҳаракати муназзам ба самти қуллаҳои барфпӯшаш надорад. 22% касоне, ки ҳаваси фатҳи ин қулларо кардаанд, ба хатар рӯ ба рӯ шудаву ҷони худро аз даст додаанд. Аз замони талошҳо барои фатҳи қуллаи Конгчанҷунго танҳо ба 184 кӯҳгард муяссар шудааст, ки ба қулла расад.

Дар Непал ин ривоят вуҷуд дорад, ки Конгчанҷунго кӯҳи зан аст, аз ин рӯ ҳар хонуми кӯҳнавардеро, ки қасди фатҳи қуллаи он мекунад, ба ҳалокат мерасонад. Ягона зане, ки муваффақ шудааст ба қулла расад ва саломат аз он поён шавад, кӯҳнавардбонуи британиёӣ Ҷаннат Ҳаррисон будааст, ки соли 1998 ба қуллаи ин кӯҳи азим боло шудааст. Аммо якуним сол баъд, вақте мехост  ба Даҳологирӣ ( Dhaulagiri) - Кӯҳистони сафед боло шавад, ҳалок гардид. Даҳологирӣ бахше аз қаторкӯҳҳои Ҳимолой дар шимоли Непал аст.   

 

2. K2 ё Чогори

Миёни Чин ва Покистон ҷой гирфтааст. Номи дуюмин қуллаи баланди рӯйи Замин (пас аз Эверест) аст. Ин қулла бо баландии 8611 метр аз сатҳи баҳр дар минтақаи Қароқурум дар риштакӯҳҳои Ҳимолой миёни марзи кишвари Чин ва Покистон  қарор гирифта ва дорои сахттарин ва мушкилтарин роҳи баромад ба қулла мебошад.   

Назустин бор соли 1856 К2 дар экспедисияи аврупоиҳо кашф гардид ва онро бо ҳамин аломат ишора карданд. Қуллаҳое, ки бо К1, К3, К4 ва К5 номгузори шуда буданд, дертар номҳои худро гирифтанд ва ҳоло онҳоро Машербрум, Броуд Пик, Гашербрум II ва Гашербрум I меноманд. К2 номи худро дошт, аммо ба аврупоиҳо шинос набуд. Вале баъдан бо ҳамин ном машҳур шуд.

Оморҳои таҳлилӣ нишон медиҳанд, ки аз ҳар чаҳор нафар кӯҳнавардоне, ки ба фатҳи қуллаи он даст меёбанд, як нафарашон ба ҳалокат мерасад. Яъне, роҳҳои душворгузар ва яхиву обуҳавои номусоид сабаб мешавад, ки одамони бештар қурбон шаванд.

Аз соли 1954  то кунун 280 нафар ба фатҳи ин қулла муваффақ шудаанд. Аз соли 1939 даҳҳо куштагони ин кӯҳ ба қайд гирифта шудааст ва мегӯянд аксари онҳо ҳангоми фуруд аз қулла ва расидан ба манзил ҳалок мешуданд. Сатҳи маргумир дар ин кӯҳи азим аз соли 1990 19,7 дарсадро ташкил додааст.

 

(давом дорад)