Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирусро 100 миллиону 839 ҳазору 430 нафар ва фавтидагонро 2 миллиону 167 ҳазору 328 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 203 ҳазору 967 нафар ба коронавирус сироят шудаву 6 298 нафар ҷон бохтаанд. Аз муолиҷаи пурраи 72 миллиону 867 ҳазору 372 нафар хабар дода мешавад. 110 ҳазору 398 нафар дар олам дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Кишварҳое, ки гирифторони бештар ба коронавирус доранд:
ИМА — 26 011 222
Ҳинд — 10 690 279
Бразилия — 8 936 590
Русия — 3756931
Британияи Кабир —3 689 746
Фаронса — 3 079 943
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки дархости истеҳсолкунандагони 14 воксан аз коронавирусро барои шомил кардани онҳо ба рӯйхати истифода изтирорӣ меомӯзад, метавонад дар бораи бахше аз онҳо рӯзҳои наздик ба қароре ояд. Маъракаи воксанзании сартосарие, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар Аврупо оғоз шуда буд, зери хатар мондааст. Тавлидкунандагони воксан – ширкати амрикоии Pfizer ва ширкати британиёиву шведии AstraZeneca дар бораи коҳиши тавлиди он хабар доданд. ИМА низ ахиран аз нарасидани воксан изҳои нигаронӣ кард.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи ҳамарӯза зиёд кардани сафи воксаншудагони амрикоӣ изҳори назар кард. Вай гуфт, ки ин теъдод аз 980 ҳазор то якуним миллион дар як рӯз расад. Байден аз оғоз гуфта буд, ки дар 100 рӯзи аввали ҳузураш дар Кохи Сафед мехоҳад ниме аз аҳолии Амрикоро эмшуда зидди коронавирус бубинад.
Британиёиҳое, ки аз хориҷ меоянд, ба карантин дар меҳмонхонаҳо аз ҳисоби худашон фаро гирифта мешаванд. Ҳукумат ҳоло механизми иҷрои ин амррро ифшо накардааст, вале таҷрибаи Австралия нишон медиҳад, ки ҷорӣ кардани ин низом мумкин аст. Аз 4 январи соли равон дар ин кишвар чорумин локдауни умумиллӣ ҷорӣ шуд ва ҳукумат қасд надорад онро то охири моҳи март ҳам лағв кунад.
Садриаъзами Олмон Ангела Меркел аз Вазири корҳои дохилии кишвараш Хорста Зеехофер хост сенариёи маҳдудиятҳои парвози ҳавопаймоҳо аз кишварҳоеро, ки ба штамми нави коронавирус бештар сироят шуданд, санҷад.
Модабабр Настася ва чанд шер дар боғи ҳайвоноти шаҳри Борос дар қисмати ғарбии Шветсия гирифтори коронавирус шуданд. Модабабри 17-сола хеле ба зудӣ иштиҳоро аз даст дод, вазъи саломатии вай бад шуд ва лозим омад барои муолиҷа хобоннад. Сироятшудаҳои дигар аломатҳои сабуктар доштанд.
Ҳукумати Нидерландия қасд надорад ба сабаби беназмиҳову тазоҳурот, ки се шом аст шаҳрҳои мухталифи кишварро фаро мегирад, қуюди шабгардиро лағв намояд. Ин сиюмин рӯз аст, ки мухолифони маҳдудиятҳои коронаӣ дар ин кишвар бо маъмурони пулис дастбагиребонанд. Ин беназмиҳо тахрибкориҳо ва ғорати дукону мағозаҳоро ба дунбол доштанд. Дар 10 шаҳри ин кишвар бештар аз 180 нафар боздошт гардиданд.
Ҳукумати Португалия эҳтимолан аз кишварҳои Аврупо барои мубориза бо пандемияи COVID-19 кумак хоҳад, зеро вазъ дар ин кишвар торафт бад мешавад.
Дар Финляндия се нафар, ки пештар аз коронавирус эм карда шуда буданд, фавтиданд.
Эрон воксани русии "Спутник V" – ро тасдиқ кард ва умед дорад дар наздиктарин фурсат ба тавлиди он оғоз мекунад.
Дар Туркия зарфи 24 соати охир боз 5642 нафар ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро ба қайд гирифтанд ва 137 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 2 435 247 сироят шуданд ва 25 210 ҷон бохтанд.
Ҳукумати Бразилия парвози ҳавопаймоҳоро ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қатъ кард.
Шабонарӯзи гузашта дар Чин 139 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст. Мақомот ҳамчунин 57 гирифтор ба SARS-CoV-2 хабар доданд, ки аломате дар онҳо аз ин беморӣ зоҳир нашудааст. 69 ҳодисаи фаъол маҳаллӣ буда (53 сироят дар вилояти Ҳейлунсзян, 2 сироят дар Пекин ва 2 дар Шанхай), боқӣ 13 нафар аз хориҷ омада буданд. То ба имрӯз шумори умумии сироятёфтагон дар Чин ба 89 254 нафар расидааст. Рӯзҳои охир боз як нафар аз КОВИД-19 ҷон бохта шумори фавтидагон аз оғози ҳам агирӣ ба 4636 нафар расидааст.
Аз 3 ноябр бори аввал дар Русия афзоиши шабонарӯзӣ бар асари гирифторӣ ба COVID-19 камтар аз 19 ҳазор – 18 241 нафарро ташкил дод.
Дар Қазоқистон зарфи 24 соати гузашта 1 266 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки рӯзе қабл 1 480 ҳодисаи мубталоӣ ба ин вирус сабт шуда буд.
Ҳукумати Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки истеҳсоли воксани русии зидди коронавирусро дар яке аз корхонаҳои маҳаллӣ ба роҳ монад. То 27 январи соли 2021 дар Қирғизистон 84 068 нафар ба КОВИД-19 гирифтор шуданд. Сирояти шабонарӯзӣ ҳам тағйир наёфтааст. То кунун аз ин беморӣ 1 402 нафар фавтиданд.
Ӯзбекистон аз 28 январ ба баргузории барномаҳои консертӣ иҷозат дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод.