Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 98 миллиону 809 ҳазору 617 нафар расид. Аз ин беморӣ 2 миллиону 118 ҳазору 035 нафар фавтиданд. Теъдоди муолиҷашудагон 71 миллиону 016 ҳазору 516 нафар эълон шудааст. Ҳоло дар беморхонаҳои олам 111 ҳазорк 525 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Аввали ҳафтаи ҷорӣ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки штамми британиёии коронавирус аллакай дар 60 кишвари олам ба қайд гирифта шудааст.
Ба назар мерасад дар Англия суръати сироят ба коронавирус рў ба таназзул меорад, вале дар Ирландияи Шимолӣ аз афзоиши суръати сироят хабар дода мешавад. Дар Шотландия ва Уэлс шумори гиифторон ба гунаи нави вирус меафзояд, дар Англия бошад ҳамоно гунаи пешини коронавирус афзалият дар сироят дорад.
Аввалин навъи бразилиёии коронавирус SARS-CoV-2 дар Олмон сабт шуд.
Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон изҳор дошт, ки навъи нави коронвирус на танҳо хеле ба зудӣ мегузарад, балки хеле хатарноктар низ мебошад.
Аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба вируси коронаи навъи Африқои Ҷанубӣ дар Португалия ба қайд гирифта шуд.
Дар Туркия дар тӯли 24 соати охир 5967 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва 149 нафари дигар фавтиданд
Дар Туркманистон озмоишҳои ваксинаи русии Sputnik V алайҳи сирояти коронавирус оғоз ёфт, гуфт Нурмухаммад Аманнепесов, вазири тандурустии ин кишвар. 22 январ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов амр дод, ки дар ин кишвар ваксинаи Русия алайҳи COVID-19 “Эпиваккорона», ки онро Маркази вирусология ва биотехнология сохтааст, ба қайд гирифта шавад.
Ташкилкунандагони Олимпиадаи Токио умедворанд, ки эмгузаронии оммавӣ имкон медиҳад, ки бозиҳои тобистонаи таъхирёфтаи соли 2020 дар моҳи июли соли ҷорӣ баргузор шаванд.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 21 513 ҳолати нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин кишвар аз 18 январ воксанзании оммавӣ оғоз шуд
Зарфи 24 соати сипаришуда дар Қазоқистон боз 1430 мубталои нав ба қайд гирифта шуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар шумори гирифторон ба 173 822 нафар расид.
Мақомоти Қирғизстон бо Русия дар бораи ифтитоҳи корхонаи тавлиди воксани зидди коронавирус дар қаламрави ин кишвар гуфтушунид мекунанд. Дирӯз аз сирояти боз 118 нафар ба коронавирус хабар дода шуд.
Аз аффали ҳамагирӣ дар Ӯзбекистон 78 232 нафар мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд.
Русия ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумот дар бораи воксани зидди коронавируси Sputnik V-ро ироа кард. Ваксинаи коронавируси Sputnik V -ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад, то дар бораи хариди он тасмим гирифта шавад Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои марбут ба механизми COVAX шомил шудааст, ки ба давлатҳо дар гирифтани ваксинаҳо барои эмгузаронии аҳолӣ кӯмак мекунад.