Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 97 миллиону 317 ҳазору 132 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 262 698 нафар мубтало шуданд. Аз ин беморӣ аз оғози ҳамагирӣ 2 миллиону 083 ҳазору 594 нафар фавтиданд шумори муолиҷашудагон 69 миллиону 867 ҳазору 134 нафар ва 112 498 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Британияи Кабир, Фаронса, Италия, Испания, Туркия ва Олмонро ба даҳгонаи аввали кишварҳое шомил кардааст, ки гирифторони зиёд доранд.
Дар Туркия зарфи 24 соат 168 894 нафар озмоиш шуданд ва гирифтории 6435 нафар ба уфунати корона ошкор шуд, 159 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Бино ба омори расмӣ аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 2 миллиону 406 ҳазору 216 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Пас аз ҷаласаи шӯрои илмӣ, ки масъалаи вазъи эмкуниро баррасӣ кард, изҳороте бо имзои вазири тандурустии Туркия Фахреттин Коҷа нашр шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: "Аз пагоҳ, тибқи қарори шӯрои илмии мо, эмкунии шаҳрвандони аз 85-сола болои Туркия оғоз мешавад."
Маҷористон аз Русия матни муваққатии муоҳадаи хариди воксани русии «Спутник V»-ро дарёфт кард. Дар ин бора Reuters истинодан ба сарвари ВКХ Маҷористон Петер Сийярто хабар дод. Вай гуфт, ки баъди тайиди расмии истифодаи воксан шартнома имзо хоҳад шуд.
Дар ҷараёни савгандёдкунии худ 20 январ Президенти нави Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден хотираи чаҳорсад ҳазор нафарро, ки аз COVID-19 фавтидаанд, гиромӣ дошт. Рекорди тираву дилгиркунанда. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА аз оғози ҳамагирӣ дар ин кишвар 415 ҳазору 894 нафар фавтидаанд ва ин болотарин нишондиҳанда дар саросари олам аст. «Барои он ки табобат шавем, мо бояд дар хотир дошта бошем. Баъзан хеле мушкил аст ба ёд овардану дар хотир нигоҳ доштан, вале мо ҳамин гуна шифо хоҳем ёфт. Лозим аст миллат ҳамин корро анҷом диҳад”-гуфт президенти нав. Байден ваъда дод, ки як тарҳи фарогири мубориза бо ҳамагириро роҳандозӣ хоҳад, ки воксанзании 100 миллион сокинони ИМА дар аввалин 100 рӯзи ҳузураш дар курсии президентӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳост.
800 нафар сокинони Исроил аз аввали соли 2021 бар асари ковид фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ дар ин кишвар 4142 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шумори 19-уми январ сироятшудагон 8511 нафар ва аз оғози пандемия 10 021 нафар олудаи ин вирус шуданд.
Вазорати тандурустии Британияи Кабир рӯзи 20 январ гуфт, ки дар давоми рӯзи гузашта шумораи умумии қурбониёни эпидемияи COVID-19 дар Бритониё 1820 нафар зиёд шудааст. Дар ҳамин давра, 38.905 сирояти нав ошкор карда шуд. Дар маҷмӯъ, аз оғози эпидемия дар кишвар беш аз 3,5 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 93290 нафарашон фавтидаанд. Дар Баританияи Кабир маҳдудиятҳои шадиди зиддикоронаӣ ҳамоно идома дорад. Локдауни чаҳорум рӯзи 4 январ эълон шуда буд.
Ҳукумати Нидерландия пешниҳод кард, ки ба сабаби таҳдиди гунаи британиёии вируси корона дар кишвар қуюди шабгардӣ эълон шавад. Мақомот гуфтаанд, ки сар аз 22 январ ҳар гуна гаштугузор аз соати 20:00 то 04:30 манъ шавад.
Рӯзи душанбе, 18 январ, воксанзании оммавии аҳолӣ аз коронавирус дар Русия оғоз ёфт. Ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта баъзе табибон, муаллимон ва кормандони соҳаи иҷтимоӣ имкони эмгузаронӣ пайдо карданд. Ҳоло, категорияҳои дигари аҳолиро низ эм кардан мумкин аст, ба истиснои кӯдакон ва наврасону ҷавонони то 18-сола ва занони ҳомила , ки таъсири воксан ба онҳо ҳанӯз ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст.
Бо вуҷуди хушбиниҳои Вазорати тандурстии Русия сатҳи дастрасӣ ба воксан хеле паст арзёбӣ мешавад. Воксанзанӣ бештар дар шаҳрҳои муҳим ва Подмосковйе хубтар ба роҳ монда шудааст.
Дар бисёр минтақаҳо (вилоятҳои Тамбов, Псков) воксан танҳо барои намояндагони гурӯҳи осебпазир (муаллимон, духтурон, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ) дастрас аст. Вилояти Самара ва Бошқирдистон тахминан 6 ҳазор доза воксан дарёфт карданд, вилояти кишвари Перм бошад ду баробар камтар – бештар аз 3 ҳазор вояи истифода.
Авҷи нави коронавирусро дар Фаронса моҳи марти соли 2021 интизоранд "Мавҷи сеюми марговар" -и коронавирус ба Фаронса бо сабаби он меояд, ки "ҳарчанд мавҷи дуввум ҳанӯз нарафтааст", "одатҳои бад", ки ғалаба бар вирусро таъмин мекунанд "аллакай баргаштанд."
Ӯзбекистон аз Русия маводҳои иловагӣ дар бораи воксани зидди коронавирус "Спутник V"-ро интизор аст. Дар ин бора рӯзи чоршанбе РИА новости истинодан ба хадамоти беҳдоштиву эпидемиологии ин кишвра хабар додааст.